ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД, ҲАР КӢ НАКӮНОМ ЗИСТ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҷанги байни сарҳади Қазоқистону Тоҷикистон ду нафар сарбозон аз ноҳияи Носири Хусрав  Қурбонбеков Беҳруз Абдулҳамидович, ки дар қисми ҳарбии ноҳияи Спитамен соли таваллудаш (2001) ва Муҳамадҷон Алиқулов дар қисми ҳарбии ноҳияи Исфара хизмат менамуданд, қаҳрамонона ҷангида, ҷони худро аз даст доданд. Ба хотири пос доштани хотираи ин ҷавонмардони асил-шоҳидони роҳи озодӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тасмим гирифт, маводи озуқа аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, сабзӣ ба аҳли оилаҳояшон бурда тақдим намояд. Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ин иқдоми шоиста аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва вакилон ба миқдори 2210 сомонӣ амалӣ гардид.