Оиди дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳанги таҷлил намудани ҷашнгирии Наврӯзи байналмилали маркази ноҳияи Носири Хусрав бо тарзи идона оро дода шуда, шиору навиштаҷотҳои наврузи дар ҳар як ташкилоту массисаҳои ноҳияви насб гардидаанд. Дар ноҳия обектҳои ҷашни ба ифтихори 35- солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар арафаи таҷлили иди Навруз дар ҷамоати деҳоти “Навруз” аз ҳисоби соҳибкор Бобоқулов Рамзиддин як адад фермаи мурғпарвари сохта ба истифода дода шуд, ки зиёда аз-10-ҳазор мурғ парвариш ёфта, 10-нафар шаҳрвандон ба кори доими сафарбар карда шудаанд. Дар ҷамоати деҳоти “Фирӯза” маҳаллаи Орзу бо дастгирии соҳибкор Қурбонов Ҳасан як маркази таъмири нақлёт бо ҳама шароитҳои замонави сохта ба истифода дода шуда, 6-нафар шаҳрвандон ба ҷои кори доими таъмин гардиданд. Санаи 21 марти соли 2023 бо мақсади таҷлили ҷашни бошукуҳи Наврӯзи байналмилалли ва барои ободиву осудагии Ватани азизамон дар маркази ноҳия бо иштироки васеъи кормандони ташкилоту муассисаҳо сокинон ва меҳмонон ҷамъомад баргузор гардид. Ҳамаи кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони ҷамоатҳои деҳот бо дастовезу ҳунарҳои дастӣ ва хурӯкҳои Наврӯзи дастахони идона ороста, омад- омади баҳору Наврӯзи Аҷамро истиқбол намуданд, ки хело хотирмон таҷлил гардид.И Дар баргузории ҷашни бошукуҳи Наврузи байналмилали узви КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон раиси ноҳияи Носири Хусрав Шарифзода М.С ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, сокинонро бо фарорасии Иди Наврӯзи байналмилалли табрику муборакбод намуданд. Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, дар баргузории чорабинии бошукуҳи Наврӯзи иштироки фаъолона дошта, бо барномаҳои консерти табъи иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.