ОБОДИИ ДИЁР ҚАРЗӢ ШАҲРВАНДИСТ.

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо  мақсади пайрави  аз  сиёсати  хирадмандонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, аъзо  ва  ҷонибдорони ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  созандагиву бунёдкориҳоро  идома  дода   истодаанд. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ба  хотири  саҳм  гузоштан  дар  таҷлили  сазовори муқаддастарин ҷашни  миллиӣ  35-  солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  санаи  7-уми  марти   соли  равон  барои  ояндаи  ободии  Ватани  азизамон зиёда аз 400-бех дарахтони ҳамешасабзро  дар шоҳроҳи даромадгоҳи ноҳия шинонида, дар ин васила дар корҳои ободони саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ин иқдоми хайр бо дастгирию ғамхории бевоситаи раиси ноҳия Шарифзода М.С сурат гирифта, корҳои ободони бо маром идома доранд.

   Мудири шуъбаи таблиғот

  ва иттилооти  КИ ҲХДТ    дар

  ноҳияи  Носири  Хусрав                                              Ҳайдарова К