ВАТАНАМРО ДӮСТ МЕДОРАМ!

Хуросон: Андеша  

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст.

Акнун ҳар як фард бояд бидонад, дар сарзамине, ки ба дунё омадааст ва дар онҷо ба таври доимӣ бо аҳли оилааш умр ба сар бурда, кору фаъолият менамояд, он ҷо Ватани ӯ маҳсуб мешавад ва новобаста аз он ки ӯ чикора аст, бояд Ватанашро дӯст дорад ва ҳамеша баҳри пойдории сулҳу субот ва гулгулшукуфоии Ватанаш ҷаҳду талош намояд ва фарзандонашро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ростқавлию росткирдорӣ ва илмомӯзӣ тарбият намояд

Беҳуда нест, ки ниёгони мо хоки Ватанро аз тахти Сулаймон ва хори Ватанро аз лолаву райҳони дигар ҷо азиз шумурда, барои ин марзу буми аҷдодӣ ҷон фидо намуданд.

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Юсуф, ки ба Мирс подшоҳӣ мекард,

Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.

Ватан ва Модар ҳаммаъно ва ҳамрадифанд. Он тавр ки инсон як модар дорад, ҳамин тавр як Ватан дорад. Беҳуда баъзан ин ду калимаро дар паҳлӯи якдигар наменависанд. Ватан – Модар ва ё Модар – Ватан.

Ватан он ҷост, ки хуни ноф мерезад, яъне таваллуд мешавӣ, нашъунамо меёбӣ. Ватан он ҷост, ки бо ҳамроҳи халку миллат ва дар халқи онҳо ба камол мерасӣ, ҳунар меомӯзӣ ва дар пайи озодӣ ва ободии он мекӯшӣ, Ватан мамлакат ё сарзамини васеест, ки зодгоҳи туро ҳам фаро мегирад. Оғӯши Ватан мисли оғӯши гарми Модар аст. Дар он деҳаҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои зиёд меғунҷад. Аз ин оғӯши гарм ҳеҷ чиз берун намемонад, на сангаш, на кӯҳаш, на чашмасораш, на дарёҳои хурӯшонаш ва на боғу роғаш.

Як маънои Ватан моликият аст. Яъне тамоми ин хок, ин сарзамин, аз хонаи муқаррариамон то сарҳадҳои дурамон моли мо, моликияти мо мебошанд. Ба ибораи дигар мулк аз мову мо аз мулкем.

Таҳқиқоти худро дар бораи яке аз омилҳое, ки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва хештаншиносии миллӣ тарбия ёфтани шаҳрвандон, бахусус қишри фаъоли ҷомеа – ҷавонон замина мегузорад, пешниҳод кардаам. Ба андешаи ман, яке аз ин омилҳои заминавӣ дар ин самт дуруст ба роҳ мондан ва омӯзши таърихи кишвари хеш мебошад.

Ҳангоми омӯзиши таърих ба дунёе ворид мешавӣ, ки пур аз воқеаҳои муҳиманд ва як ҷаҳон асрори ниҳоне дар худ доранд ва равшанкунандаи роҳи оянда мебошад.

Таърих вожаи арабӣ буда, маънояш муайян намудани вақти рӯй додани ҳодисаҳои муҳим мебошад. Бо ибораи дигар, таърих илмест, ки дар он ҷамъи ҳаводиси муҳими гузаштаи дуру наздик ва имрӯзаи халқу миллатҳо инъикос меёбанд.

Тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ин тарбияест, ки дар натиҷаи он шаҳрвандон, миллату давлат сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ҳимоя аз фарҳангу таърихи гузаштаи худ намуда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд ва дар якҷоягӣ аз як гиребон сар бароварда, баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат миёни ҳамдигар умр ба сар мебаранд. Аз ин рӯ омӯхтани таърих яке аз омилҳои муфиди заминавӣ дар тарбияӣ ватандӯстӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ ба камол расонидани ҷавонон мебошад.

Донистани таърихи кишвари хеш, зодгоҳ ва меҳан, дар баробари он воқиф будан аз таърихи гузаштаи аҳли башар яке аз ниёзҳои муҳими маънавию хештаншиносии ҳар фард ва ҳар миллат аст.

Равшазода Шодалӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ  ноҳияи Хуросон .