ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯ

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

27-уми апрели соли равон дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қабули сайёри раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Дар вобастагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон ба масъулини идораҳои дахлдори вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба мушкилиҳои мардум дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Инчунин Давлаталӣ Саид - раиси вилояти Хатлон баъд аз баррасии муроҷиати шаҳрвандон бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия мулоқот намуданд.

Раиси вилояти Хатлон оид ба иҷрои саривақтии нақшаи андоз, беҳтар кардани корҳои ободонии деҳот, дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани пойгоҳҳои обкашӣ, тоза кардани селроҳаҳо, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзии ноҳия ва масъалаҳои муҳими имрӯз: бештар кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули "Хона ба хона", пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ба роҳбарон супоришҳои мушаххас доданд.