АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Хуросон: Ҳисобот  

Дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар асоси нақша - чорабиниҳои таҳрези намудаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва кумитаи ноҳиявӣ бо мақсади сарсабзу хуррам гардонии муҳити зист ва корҳои ободониву созандаги ҳар ҳафта аксияи ҳизбӣ дар ин самт баргузор карда шуда истодааст, ки аъзоёни ҳизб саҳми муборизи хешро гузошта истодаанд.

Аз ҷониби аъзоёни ТИ “деҳаи Сомониён” ва ТИ " деҳаи Меҳнат"дар ноҳияи Хуросон аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ - ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур аъзоёни ҳизб ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат фаъолона ширкат варзида, ба тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегона, нарм намудани зери дарахтон ва шинонидани гулу гулбутаҳо дар мавқеи муайян гардида машғул гаштанд.