Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо

Хуросон: Андеша  

Чи хеле, ки ба ҳамаи мо маълум аст дар таърихи 22 марти соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк баромад намуда оиди эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пазируфта шуд. Ҳадаф ва баргузор гардидани чорабинии мазкур пеш аз ҳама муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус аз ҷониби Президенти маҳбуби мо барои тамоми ҷаҳониён баҳисоб меравад.

Зимни суханронӣ Президети мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

иброа доштанд, ки ҳадафи пешниҳоди эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсии он мебошад. Тибқи қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.

Сарвари давлат барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҳамоиши байналмилалӣ омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро иброз намуда, аз кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт даъват ба амал оварданд. Аз ҷониби Президенти мо таъкид гардид, ким о бояд дар якҷоягӣ бо кишварҳо ва ҷонибҳои манфиатдор Харитаи роҳро барои соли 2025 таҳия намуда, раванди омодагиро ба соли 2025 ва Конфронси болозикр фарогиру натиҷаовар ба роҳ монем. Дар Конфронси мазкур намояндагони воломақоми Созмони Миллали Муттаҳид оиди масъалаи мубрами руз суханронӣ намуданд.

Мо тамоми сокинони ҷумҳурӣ бояд аз он фахр намоем, ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Президенти маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Миллали Муттаҳид, ки аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон аъзои ин ташкилоти бонуфуз мебошанд дастгирӣ ёфтанд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, Равшанзода Шодалӣ.