Барои насли ҷавон муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст

Ховалинг: Андеша  

Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург бахти ҷавонмардӣ, оини ватандорӣ, садоқати фарзандӣ ва нангу номуси шаҳрвандӣ мебошад. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва ҳимояи таъриху фарҳанги ниёгон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як ҷавон маҳсуб меёбад.Барои насли ҷавон муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин мактаб ҷавонписарон шуҷоату мардонагиро омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки ватани азизро аз худ менамоянд.   

 Ҳар як ҷавонписарро мебояд бо дарки масъулияти баланд ва доштани ҳисси миллӣ ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъмати Худованд будани Ватанро дарк намояд. Зеро калимаи Ватан барои мо мафҳуми Модар-ро мемонад. Ин ду мафҳум-Ватан ва Модар барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддасанд. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модар расида, дар рӯйи хоки зодгоҳаш яъне Ватан ба воя мерасад.

 Пас мебояд, ки хизмати Ватан-Модарро аз дилу ҷон намоем. Ҳар як шахси солимфикр ва дӯстдори ин Ватани маҳбубу зебо бояд хизмат ба Ватанро қарзи фарзандии худ шуморида, онро аз дилу ҷон ба ҷо оварад. Дар ҳифзу нигоҳбонии ин Ватан камари ҳиммат баста, пайваста кушиш намояд, то хизматашро аз дилу ҷон намояд ва барои нигоҳбонии ҳар як кафи хоки муаддасаш ҷони худро дареғ надорад.

Ҳар як фарди ҷомеа, хусусан насли калонсолро зарур аст, ки вобаста ба мавзӯи матраҳгардида, яъне ҳифзи марзу буми кишвар, ҳифзи хоки поки Ватан ҷавононро руҳану ҷисман тарбия намуда, вобаста ба таърихи гузашта ва қаҳрамониҳои миллати тоҷик бобати ба душман надодани втанаи хеш ва нигоҳдории якпорчагии он суҳбату вохӯриҳо анҷом диҳанд.

Масъулони давлатӣ вазифадоранд нисбати сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақша-чорабиниҳо таъсис дода, дар ҳар деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби масъулони идеологӣ ва донандагони таърих суҳбату вохӯрӣ ва корҳои оммафаҳмониву тарғиботиро бештар созанд, то насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия ёфта, хизмат ба ватанро қарзи асосӣ ва ҷавонмардии худ шуморанд.

Имрӯз ҳар нафаре, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси худро фаромуш созад. Мо миллати бонангу бофарҳанги Тоҷикистони азиз, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар фазои озоду ороми Ватани азизизамон кору фаъолият ва зиндагӣ дорем, бояд доимо дар фикри ояндаи дурахшони насли имрӯзу фардои худ бошем.

Фарҳод Давлатов-мудири шуъбаи таблиғот ва иттиооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.