Аксияҳои тозагӣ-баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тозагӣ гарави саломатӣ аст. Ин нуқатро мунтазам кормандон, аъзоён ва ҷонибдорони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг шиори худ қарор дода, баҳри тоза намудани атрофи коргоҳ, кӯчаву гулгаштҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, соҳили ҷую каналҳо ва дохили заҳбурҳову обравҳо сафарбар мегарданд.

Зеро дар нуқтаҳои партовҷамъшуда ҳашаротҳои хунмаку зарарасон зиёд гардида, микробҳоро паҳн месозанд ва дар натиҷа бемориҳои сироятӣ авҷ мегиранд.

Аз ин рӯ, кормандони ин ниҳод ҳар моҳ аксияи тозагӣ эълон намуда, бо ҷалби аъзоёни ташкилоту муассисаҳо ва валантёрон ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҷую каналҳоро аз партовҳои хизмативу маишӣ тоза мекунанд ва ба ин васила дар ҳифзи саломатии аҳолӣ саҳми худро мегузоранд.