РУҲБАЛАНДИИ СОКИНОН БАҲРИ ШИНОНИДАНИ ДАРАХТУ БУТТАҲО ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР"

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи аксияи ҳизбии зери унвони "ҲХДТ- ҳизби созанда ва бунёдкор" ҳама мардуми ноҳия ва коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо бо истифода аз боду ҳавои мусоид ба шинонидани дарахту буттаҳо, гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда мағул гардиданд.

Ҳамарӯза шоҳиди ҳол мегардем, ки дар ҳар як ташкилоту мсуассиса, деҳаву маҳалла ва кучаву тангкучаҳо сокинон баҳри шинонидани дарахтону гулу буттаҳо камари ҳиммат бастаанд.

Ин меҳнату заҳмати сокинони шарафманди ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла коллективҳои меҳнатӣ аз ташкилоту муассисаҳо боиси он мегардад, ки дар оянда мо ба насли наврас як табиати зебову нотакрорро ба мерос мегузорем.