ВАҲДАТ ИН САРМОЯИ ҲАР ДАВЛАТ АСТ.

А.Ҷомӣ: Андеша  
“Ваҳдати миллӣ барои мо дар ҳақиқат ҳодисаи таърихист, зеро маҳз бо шарофати ӯ мо тавонистем давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ раҳо кунем. Тавонистем парокандагиҳое, ки дар натиҷаи ҷанги хонумонсӯз ба миён омада буданд ҷобаҷо карда таъмини рушди кишварро ба роҳ монем” 
Эмомалӣ Раҳмон.
Мо халқи сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдўсти мо мебошад, қарор дорем.
Аз таърих маълум аст, ки воқеаҳои солҳои навадум ба сари мардум ва давлати тоҷикон мусибаҳои зиёдеро ба бор овард. Давлати навбунёдро парокандаю валангор кард ва умеду ояндаи дурахшонро аз дили мардум дур гардонд.
Хушбахтона, дар чунин вазъияти ҳассос фарзанди шуҷоъ ва далер, Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва ба мардуми паршикаста болу парвоз бахшид. Дар дили онҳо орзую умедро дубора зинда гардонд.Бо як боварию матонат ба мардум сулҳ ва сарҷаъмиро ваъда дод.Ҳаминтар ҳам шуд.
Хушбахтона хиради азалии мардуми куҳанбунёдӣ мо дар лаҳзаҳои тақдирсоз ғалаба кард ва ба қавли устод Лоиқ "сулҳи дурентизори мо омад". Баъди имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Маскав заминаи сулҳ ва ваҳдат дар Тоҷикистон муҳайё гардид.
Имзо шудани санади сулҳи тоҷикон дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад.
Пеш аз ҳама барои таъмини соҳибистиқлолию ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдилёбии Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ буд.
Яке аз омилҳое, ки пояи сулҳу ваҳдатро устувор мегардонид, ин ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ буд, ки шумораи онҳо наздики 800 ҳазор нафарро ташкил медод.Заҳмату талош ва ҷонбозиҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон мардуми парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ сохт, роҳи ҷанги шаҳрвандиро баст, Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ овард ва Ваҳдати миллӣ тантана кард.
Воқеан ҳам маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки киштии миллатро аз гирдоби кашмакашҳои сиёсӣ ва ҷангу низоъҳои бемаънӣ ба соҳили муроду мақсуд сиҳату саломат баровард.Шоири ширинкалом Алимуҳаммад Муродӣ дар ин маврид дуруст гуфтааст:
Буд киштии тақдири Ватан саргардон,
Дар баҳри ҳаводиси балову тӯфон .
Сад шукр ба бандари наҷоташ овард,
Чун ҳазрати Нӯҳ Эмомалии Раҳмон
Воқеанҳам, рўзи Ваҳдати миллӣ санаи таърихие мебошад, ки ба кишвари ҷангзада ва мардуми парешону овораи мо сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ овард. Ваҳдати миллӣ-дар айни замон ин таҷдиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии кишвар, инчунин ҳифзи он уҳдадории умумии мо барои фардои миллатамон ба ҳисоб меравад.
Маҳз барои ҳамин ҳам Ваҳдат барои миллати шарифи мо муқаддас аст. Зери мафҳуми Ваҳдат ягонагӣ, муттаҳидӣ ва сарчамъию иттиҳодро мефаҳмем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти миллӣ дар кишвар аст. Аз он вақт то ин давра расо 25 сол сипарӣ мегардад.Гарчанде ин давраи начандон тӯлонии таърихист, хушбахтона дар ин муддат дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ садҳо корхонаҳои нав, муассисаҳои замонавии таълимӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, даҳҳо сохтмонҳои бузург, нақбу роҳҳо сохта, ба истифода дода шуд.Ва воқеан ҳам, он барои амалӣ гардидани ормонҳоямон, ки ҳар яки мо бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ будем, заминаи воқеӣ гузошт.
Имрўз мо, ваҳдати миллиро, ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод карда ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.
Мо вазифадорем, ки ба хотири Ватани азиз, ин марзу буми муқаддас, барои пойдории озодиву соҳибихтиёрӣ ва ободиву оромии он дучанд заҳмат кашем ва обрӯи онро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.
Муҳаммаддовуд Ҳалимзода-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ