ҶАВОНОН БОЯД ҲАМЕША ҲУШЁР БОШАНД!

А.Ҷомӣ: Вокуниш  

Ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ҳамеша дар  мадди  аввал  қарор  дошта,  барои  зиндагии шоиста,  соҳибкасбу  соҳибмаълумот  ва меҳнатдӯстиву маърифатпарвар  гардидани онҳо аз  ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чораҳои  зарӯрӣ андешида  мешавад.

        Имрӯзҳо гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ яке  аз  фаъолияти  асосии душманони давлату  миллат  ба  ҳисоб  рафта,  мехоҳанд ба  ивази ҷони ҷавонони содаву  зудбовар  мақсадҳои  нопоки  худро  амалӣ  созанд. Терроризм ва экстремизм, ки  имрузҳо бо  истифода  аз эътиқод  ва боварии  мардум ба  сари  тамоми  мардуми  сайёра  хатари ҷиддиро ба  бор  овардааст ва  боиси нооромиҳо дар тамоми рӯй олам гардидааст.  Сабаби  пайдоиши ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бархе  аз ҷавонони мо саводи  кофии динӣ  ва  дунявӣ надошта, ба  доми  чунин  гуруҳҳо мезананд. Дар  ҳақиқат  бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифоя дар  оила, аҳмият  надодани  волидайн  барои  тарбияи  фарзанд  хусусан ҷавонон, боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротӣ  мегардад. Гарчанде пешгирӣ ва мубо­риза бар зидди терроризму экстре­мизм  вазифаи муҳимтарини  кишвар ва  ҷаҳон  ба  ҳисоб  меравад,  роҳбарияти олии мамлакат низ  мунтазам ин  мавзуро  аз  минбарҳои  баланд матраҳ  менамояд,  ҳамоно  бархе  аз  ҷавонони мо дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарави террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Имрӯз вазифаи ҳар як падару  модар ҳар як  фарди  ватандӯсту ватанпарвар, аз он иборат аст, ки фарзандони  худро танҳо  ба  роҳи  дуруст, илмомӯзӣ ва ватандустӣ роҳнамоӣ намуда   аз таълимоти ғайрирасмӣ ва аз  нафароне,  ки  дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгароии террористӣ ҳамарӯза  ҷавонони зиёд ҷони худро аз даст медиҳанд.

   Созмону ҳаракатҳои ифротӣ ҳамарӯза  аз   мушкилотҳои  давр истифода  буда,  бисёртар  ҷавонони  дар  муҳоҷират қарор  доштаро  ба  доми  худ  мекашанд. Бо  баҳонаи  маоши  кам, ё  норасоии  ҷой  кор  дар  кишвар, паст  будани  сатҳи зиндагӣ  ё   дигар  оимлҳоро  баҳона  пеш  оварда,  ба  ҷавонон зиндагии хубтару беҳтарро  ваъда  дода,  шомили  гуруҳҳои  террористиву  экстримистӣ  намуда, оқибат қисме  пушти  панҷара  ва  қисми  дигаре ҷони  худро  аз  даст  медиҳанд. Ҷавонон бояд  донанд,  ки ҳар  як  давлат  чунин  марҳилаҳо ва  чунин  мушкилиҳоро  дар  оғози  давлатдорӣ  ва  ба  по  хестан  пушти  сар  намудааст. Тоҷикистон низ, мисли  як  ҷавоне акнун ҷониби бунёди шароитҳои созгор ва  пешрафти  мамлакат қадам мегузорад. Аз як мамлакати  харобгашта, ки иқтисодаш пурра нобуд гардидаву тамоми корхонаву коргоҳҳо  ба  куллӣ пайи  нестӣ  қарор  доштанд,  имруз бо   қадамҳои  устовор  ва  бо  шарофати  фарзандони ба  ору  номусаш ҳар  як гӯша ва ҳар  як диёр обод  мегардад, бо боварии  комил  метавон гуфт,  ки  ҳамма  мушкилиҳо пушти сар хоҳад шуд. Лаҳзаҳо  мудҳиш ва  вазнинро пушти  сар  кардем,  бо ними  нон қаноат намудем. Имрӯз  ки  қадри тинҷиву оромӣ  ва  сулҳу  суботи кишварро надонем ва  ба  гуфтаи ҳар  хоину ҳар  равонии  фурӯхташуда дода  шавем, шукронаи дастархони пур аз  нону  неъмат накунем,   албатта намакзада мешавем.

   Имрӯз,  ки  қарзи  инсонию виҷдонӣ,  модарию падарӣ ва шаҳрвандии худро барои  иҷрои  вазифаҳои бар  душ доштаамон ва  дар  ниҳоди  фарзандону  атрофиёнамон эҳсоси эътиқоду  эҳтиром ба  ватан,  фарҳанг, таърих,  ба  ободкорӣ,  меҳнатдустию инсонпарастӣ равона  насозем,  фарзондони ҳар  яки мо  фардо ба  доми  чунин  афродон  ва  чунин  гуруҳҳо мезананд.

 

             Мусоев Давлат – мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ