РАФТИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ

А.Ҷомӣ:  
Дар Ҷамоати деҳоти Иттифоқ ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки аъзоёни Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, раиси ташкилоти “Маорифчиён” ва директори МТМУ 57 ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрии навбатӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва фаъолони ҷамоат иштирок варзида, бо онҳо оиди баррасии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳолати кабудизоркунӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рафти корҳои ободонию созандагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳо пайваста дар шаҳраку ҷамоатҳои ҳудуди деҳаҳои ноҳия доир гардида, дар пешрафти сатҳи зиндагии мардум ёрии амалӣ мерасонад.