АКСИЯИ ҲИЗБӢ - ДАР АМАЛ!

А.Ҷомӣ:  

Бо иштироки кормандони МТМУ №31 дар назди бинои муассисаи мазкур аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур кормандон, волонтёрон, аъзоёни ҲХДТ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан ” фаъолона ширкат варзида, дар  назди бинои муассиса зиёда аз 50 адад гулҳои мавсими шинонида шуд, ки ба ҳусни бино ва маркази ноҳия зебогии хосса мебахшанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.