САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

А.Ҷомӣ:  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрияшон ба сокинони мамлакат барои самаранок истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз он рӯёнидани на камтар аз ду ҳосил рӯ оварда, таъкид бар он менамоянд, ки рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз заминҳои наздиҳавлигӣ, иҷоравӣ ва деҳқонӣ ягона воситаи ба маҳсулоти асосии зиндагӣ таъмин намудани аҳолӣ ва фаровонии бозори дохилӣ мебошад.
Бо ҳамин мақсад имрӯз ҳар як сокини ноҳия бо истифода аз рӯзҳои гарму офтобӣ ба кишту кор машғул буда, бо дарки вазъи буҳронии ҷаҳон кӯшиш бар он доранд, ки аз ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода намоянд.
Дар заминиҳои сокинони ҷамоати шаҳраки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ айни замон картошка нашъунамо ёфта, мақсад доранд, ки баъди ҷамъоварии ҳосил дигар намудҳои зироатҳоро кишт намоянд.