КОРҲОИ ОБОДОНӢ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОЁНИ ХХДТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади сазовор таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ санаи 28 марти соли 2024 аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Дармонбахш” аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ фаъолона ширкат варзида, дар тозакунии гирду атрофи бинои беморхона ва утоқҳои корӣ саҳми худро гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.