ТЕРРОРИЗМ ПАДИДАЕСТ, КИ БА ҲАММА МИЛЛАТҲО ХАТАР ДОРАД. ТЕРРОРИЗМ МИЛЛАТ НАДОРАД.

А.Ҷомӣ: Вокуниш  
Ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳалаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798 – 1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Мақдуния, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хуруҷи терроризм ба охирҳои асри 19 рост меояд. Марҳилаи нави терроризм аз солҳои 196 – 1970 сар шуда, дар асри 20, ки дар таърихи ҷаҳон чун садсолаи тараққиёти басо босқръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу техникаю технилогия ва тафаккуру шинохти ҷаҳон маҳсуб мешавад, терроризми сиёсӣ ном гирифтааст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгароии тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам оварда, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ ва нажодиро барангехтаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ (Ифротгпроӣ) бо ҳалномаҳои судӣ олли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ эълон карда шуда, фаъолияташон дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шудааст. Сабаби шомилшавии ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ аз ҳисоби бесаводӣ, нодонӣ ва гумроҳӣ ба амал меояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат ба терроризму ифротгароии хушунатомез” баромади пурмуҳтаво намуда, қайд карданд, ки “Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) падидаи номатлуб буда, вабои аср эълон шуда, дар ягон давру замон омаи мардум ва шаҳрвандони ҷаҳон онро дастгирӣ накардаанд ва намекунанд”. Дар асоси ин гуфтаҳои Пешвои миллати худ, мо, ҷавононро зарур аст, ки зиракиву сиёсиро аз даст надода, баҳри пайдории оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати Тоҷикистони биҳишосоямон кӯшиш намоем, дар ҷамъомаду марака ва маросимҳо байни аҳолӣ вобаста ба мубориза бар зидди ин вабои аср ташвиқоту тарғибот бурда, мардумро аз оқибатҳои ҳалокатовару харобиовари ин кирдори номатлуб огоҳ созем, ва вазифадорем.
Мусоев Давлаталӣ – Мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.