КОРҲОИ ОБОДОНӢ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОЁНИ ХХДТ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳату зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, бо мақсади сазовор таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо ҷалби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ноҳия дар назди боғи марказии ноҳия аксияи ҳизбӣ зери унвони “Рӯзи ободониву созандагӣ!” баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур кормандон ва аъзоёни ҳизбӣ фаъолона ширкат варзида, дар рубучини роҳравҳо ва тоза кардани алафҳои бегона машғул гашта, ба корҳои тозакунию тамизкорӣ саҳми худро гузоштанд.
Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида мешавад.