БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болои ҳизбӣ ҷиҳати коҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ, тозаю зебо кардани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, рангу бор намудани биноҳоя ҷамъиятиву хусуси аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар назди бинои маъмурии Кумита аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созанаву бунёдкор!” баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур кормандон фаъолона ширкат варзида, дар назди бинои Кумитаи иҷроия зиёда аз 100 адад гулҳои мавсими шинонида шуд, ки ба ҳусни бино ва маркази ноҳия зебогии хосса мебахшанд.
Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия гузаронида мешавад.