ҒАМХОРӢ БА НИЁЗМАНДОН ПАЙВАСТА АМАЛӢ КАРДА МЕШАВАД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар пайравӣ аз ташаббус ва иқдомҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба ҷашни Наврӯзи Байналмилалӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо дастгирии соҳибкор Суҳроб Сафаров ба якқатор оилаҳои ниёзманд, ки барои кумак ва дастгирӣ ба Кумитаи иҷроия муроҷиат намуда буданд, кӯмаки яквахтаинаи маводи хӯрока расонида, инчунин аёдати собиқадорон ва ниёзмандонро ба роҳ монданд.
Бояд қайд намуд, ки соҳибкорони ба ору номуси кишвар аз Паёми навбатии Пешвои миллат, руҳу илҳоми тоза бардошта, ният доранд, ки дар раванди давлатсозию давлатдорӣ бо амалҳои неку созанда саҳми назарраси худро гузоранд.