ҲХДТ БАР ЗИДДИ АМАЛҲОИ ҒАЙРИИНСОНӢ !!!

А.Ҷомӣ: Вокуниш  
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо таблиғи фундаментализм, тоталитаризм, экстремизми сиёсӣ, терроризм, ҷанг, зўроварӣ созгор намебошад.»
ОИННОМАИ ҲХДТ
Терроризму экстримизм падидаи нав набуда, ҳамчун даҳшаттарин амалу кирдор ба амнияту осоиштагии ҳамаи кишварҳо хатари ҷиддӣ дорад. ҲХДТ, ки асоси фаъолияти худро дар таблиғу ташвиқи ҳамарўза маҳз ба ҳамин самт равона намудааст, бо мақсади ҳифзи мафкураву маънавиёти мардум ба хотири наҷот бахшидани миллат аз ин вабои аср, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст мунтазам корбарӣ намуда, ин мавзўъ дар ҳар як сухани таблиғгарони ҳизбӣ мавзўъи асосӣ мебошад.
Аз кирдорҳои ғайриинсоние, ки имрўз фарзандони миллати мо, дар ҳар гўшаву канори ҷаҳон даст мезананд, ба хонадони ҳар як сокини кишвар таъсири худро расонида, имрўз бо ғаму андуҳи гарон аз хурд то бузўрги кишвар дар пайи андеша ва ҷустани роҳи ҳалли ин муаммо ва сабабҳои даст задани ҷавонони мо ба ин кирдорҳо мебошад.
Маҳз яке аз хислатҳои неки ояндабинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳӣзби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси андешидани чораҳои зиёд дар Тоҷикистон ва дар ҷаҳон гардида, сухани таъсирбахши Пешвои миллат, ки борҳо таъкид намудааст, ки «Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад», ва бояд террористро ба худӣ ва бегона ҷудо насозем. Террорист душмани тамоми қавму дину миллатҳост.
Ҳамлаи террористии даҳшатбори фарзандони миллати тоҷик ба «Крокус Сити Холл», ки имрўз тамоми сокинони кишварамонро андуҳгин намудааст, боиси ташвиш ва нигаронии ниҳоят сахт ва ҷиддӣ мебошад. Зеро дар натиҷаи корбарии як чанд рўз аз ҷониби душманону хоинони миллат, ҷавонони соддаву ноогоҳ, ки на саводи диннӣ доштанд, ва на ба ягон ақидаву гурўҳҳо шомил буданд, даст ба ин амали даҳшатовар зада, андуҳи гаронро ба хонадони ҳар як миллати тоҷику рус бор намуданд. Албатта ин бори гарон аст, ки имрўз модари тоҷик фарзанди худро олудай хуну бо тани захмин пушти панҷара ва қотили марги садҳо нафар мебинад.
Душманони миллати мо мехоҳанд, бо истифода бурдани фарзандони мо ҳуввияти моро бишкананд. Қадру манзалати миллати моро дар ҷаҳон паст зананд. Онҳо аз тоҷикияту аз гузаштаи бойи мо дар ҳарос буда, имрўз аз кучактарин мушкилии мо истифода бурда, азизтарин ва қимматтарин ҳастии моро, ки фарзанд аст, ба доми худ мекашанд.
Имрўз ғаму андуҳи ду миллат, тоҷику рус, ки душманони миллату давлати мо хостанд ба ин васила ҷангу бадбиниҳо ва хушунату низоъро дар байни мо ба вуҷуд биёранд, ки ин нақшаи таҳрезӣ намудаи ҳамон хоинони давлату миллат, аз дур дар дигар кишварҳо паноҳ ҷуставу диданд, ки аз дохил натавонистан корбарӣ намоянд, дар муҳоҷират ҷавонони соддаву гумроҳро ба доми худ кашиданд.
Сарнавишти талхи ин ҷавонони гумроҳ бояд боиси ибрати тамоми ҷавонони кишвар гардида, набояд ба ваъдаи на ягон маблағ ва на ягон биҳишт ҳастии худро , миллати худро, ҷони ҷавони худро, оромию беғамии модарони худро қурбону сарфи ақидаи душманонамон созанд.
Хоинони миллату давлати мо, ки танҳо мақсади боз ҳам пароканда намудани фарзандони моро доштанд, ҳамон одамсуратони шайтонсиррате мебошанд, ки иттифоқи ин ду милатро чашми дидан надошта, устувории давлату миллати моро дар дустии ҳамдигар дида, имрўз ҷавонони моро бар зиддӣ миллату давлате, ки зиёда аз 30- сол мешавад, бар ивази ҳамкорӣ ва хизматҳои содиқонаи фарзандонамон дар ин кишвар кору фаъолият доранд, мехоҳанд ба ҳамдигар душман созанд. Мо бояд ба ин таҳдидҳо ба ин авзои сиёсии имрўза дода нашуда, корбариро баҳри пешгирии чунин кирдорҳо пурзўр намоем.
Дар охир бо қалби дарднок аз воқеаи даҳштбори сарзада дар маҷмааи «Крокус Сити Холл»-и Федератсияи Руссия ба тамоми шаҳрвандони ин давлат изҳори ҳамдардӣ намуда, ин лаҳзаҳои басо мушкил ба тамоми мардуми ба мо дусту ҳамсоя сабри ҷамил хоҳонем. Бояд қайд намоям, ки миллати тоҷик ҳаргиз аз намакдоне, ки намак чашидааст ва аз дасти дусте, ки дар лаҳзаҳои мушкил дасташро гирифтааст хиёнат накардааст. Ин кирдори душманони мо, ки бо истифода аз фарзандони мо сар зад, албатта нобахшиданист. Имрўз ҳар як модари тоҷик дар баробари ин мардуми ранҷдида, гирифтори ғаму андуҳи зиёд буда, дар ин моҳи муборак аз Худованд талабгори сабру шифои комил ба тамоми ҷабрдидагони ин ҳодисаи мудҳиш мебошанд.
Бовари дорем, ки дар якҷоягӣ баҳри мубориза бо душманони ин ду миллат ва дар муттаҳидӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллату давлатҳоямон талош хоҳем варзид.
Қосимӣ НАЗОКАТ- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ