БАЗМИ ГУЛ ДАР ЧАМАНИ НАВРӮЗ АСТ….

А.Ҷомӣ: Андеша  
Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба ҳисоб рафта, оғози боз як соли нав, соли шукуфтанҳо, соли ифтихормандӣ аз ободию оромии кишвар, соли қадршиносии ҳар як муқадасот ва соле, ки истиқболи накуяш тамоми солро фаровонӣ мебахшад. Ин ҷашн, ки аз тамаддуни бою ранги гузаштаи мо рӯида, ва асрҳост, ки ба ҳама қувваи некию бадӣ мубориза бурда, имрӯз шукуҳу шаҳоматашро дар ҷаҳон пайдо намудааст. Наврӯз натанҳо – ифодагарӣ рӯзи нав буда, Наврӯз ифодагари идомаи ҳаёт аст. Оғози зиндагии нав аст.
Оид ба ин ҷашни бостонӣ маълумотҳои ниҳоят зиёд вуҷуд дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ ин ҷашн шукӯҳи тоза пайдо намуда, таҷлилаш сол аз сол зебову шаҳомати нав пайдо менамояд. Боиси хурсандӣ мебошад, ки ин ҷашн ҳамчун мероси маънавӣ ва миллӣ ба рӯйихати ЮНЕСКО ҳамчун иди мамлакатҳои Шарқ дохил шудааст. Наврӯзро мутобиқи солшумории шамсӣ 1-уми фарвардин (ҳамал), ки ба 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд, ҷашн мегирифтанд. Мувофиқи ин солшуморӣ сол ба 12-моҳи 30 рӯзӣ тақсим шуда, ҳар як рӯзи Наврӯз файзу баракати зиёде дорад. Тибқи маълумотҳо дар гузашта Наврӯзро дувоздаҳ рӯз ҷашн мегирифтаанд. Дар панҷ рӯзи нахуст Наврӯзро бо хонавода ҷашн мегирифтаанд ва сипас аз хешону пайвандону дӯстон дидорбинӣ мекардаанд. Нӯҳум рӯз Наврӯзи Шаҳриёрон будааст. Сездаҳум рӯзро мардум аз деҳаву шаҳрҳо ба берун рафта онро дар зебогии табиат ҷашн мегирифтаанд.
Ин ҷашни бостонӣ, аз давраи Зардушт ба мо мерос мондааст, дар ин рӯз Аҳурамаздо Зардуштро ба паёмбарӣ баргузида ва Таҳмурас бар девҳо пирӯз шуда ва Ҷамшед бар тахти шоҳаншаҳӣ нишаста ва Гуштоспу Катоюну Ҷомосп ба дини маздаяснӣ, яъне зардуштиро қабул намуданд. Дар даврони ислом низ Наврӯз беш аз пеш густариш ёфт ва бо гузашти 1300 сол яке аз намодҳои аслии ҳувияти торихиву фарҳангии тамаддуни Эронзамин шуд. Аз солҳои 1930-ум, ки ҳукумати шуравӣ динситезиро пеша карду расму ойинҳои диниро маҳдуд кардан гирифт, Наврӯз низ иди соли нави мусулмонӣ шумурда шудаву ҷашн гирифтанашро маҳдуд кардан гирифтанд. Наврӯз бо вуҷуди ҳама маҳдудиятҳо аз ҷониби дустдоронаш ҷашн гирифта мешуд. Оилаҳо, деҳаҳо ва баъдан аз соли 1970-ум инҷониб дар ноҳияҳо ҷашн гирифта мешуд. Аз моҳи сентябри соли 2009 бо ташаббуси Тоҷикистон ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил намуда ва 23 феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълон кард . Ин ҷашнро мардуми кишвар ҳамасола бесаброна интизори кашида, эҳтиромашро ба ҷо меоваранд.
Дар ин ҷашн оростани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, омода намудани суманак ва дигар таомҳои миллӣаз ҷониби занону бонувон иҷро гардида, хонаву кошонаҳои худро тозаву зебо менамоянд. Кӯдакон маросими гулгардониро баргузор мекунанд ва гуле ба даст гирифта хона ба хона мегарданд ва бо хондани шеъру суруд мардумро аз фаро расидани баҳор огоҳ мекунанд.
Бигзор ҷашни фархундаи Наврӯз, ки ёде аз гузаштагони бофарҳангу тамаддунофарамон мебошад, ба дилҳо неруву гармӣ бахшида, қадамаш ба кишвари мо фаровониву ободониро арзонӣ биёрад. Ҳисси ватандӯстдоштанро дар замири ҳар як фарди ватандор бедор намояду ҳар як тоҷики тоҷдорро ба мисли роҳбари оқилу фархундааш ташаббускору ғамхори миллату давлат намояд.
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Савти гул-гул фикани Наврӯз аст.
То фалакҳо сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст.
 
Қосимӣ НАЗОКАТ- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ