ОБОДОНИИ МАҲАЛ МАРОМИ МОСТ

А.Ҷомӣ:  
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болои ҳизбӣ ҷиҳати коҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ, тозаю зебо кардани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, деҳаҳо, маҳаллаҳо, рангу бор намудани биноҳоя ҷамъиятиву хусуси ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани Наврӯзи хуҷастапай имрӯз аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар назди бинои маъмурии Кумита аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созанаву бунёдкор!” баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур кормандон фаъолона ширкат варзида, дар сафед ва нарм намудани дархотон,дарав наудани алафҳои ҳамешасабз (газон) ва нарм намудани заминҳои назди Кумита машғул гашта, ба корҳои тозакунию тамизкори саҳми худро гузоштанд.