ВОХУРӢ БО ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДАР МТМУ №36

А.Ҷомӣ: Созандагони ватан  
Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ дар байни ҷавонон аз ҷониби Пирова Дилрабо аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и ноҳия вохурӣ бо аъзоёни Ташкилоти ҷаъмияти ҷавонон “Созандагони Ватан” баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ бо иштирокдорон дар масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, назорати иҷрои ҷойҳои ҷамъиятӣ ва истифодаи мақсадноки онҳо, назорати ҳолати санитарӣ, рафти корбарӣ вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати маъракаҳои тӯйи арусию домодӣ ва маросимҳои аъзодорӣ, рангубори кӯчаю хонаҳо дар маҳал ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, корҳои тарғиботӣ дар самти фазои иттилоотӣ, омодагии хонандагон ба маркази миллии тести ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна амалҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ин амал дар дигар муассисаҳо тибқи нақша идома дорад.