"АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОИ КИТОБ АСТ"

А.Ҷомӣ: Созандагони ватан  

Аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ дар китобхонаи МТМУ №62- и ноҳия бо мақсади ҷалби ҷавонон ба китобхониву китобдорӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, ба ин васила ҷалби онҳо ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ ба мутолеаи китобҳои бадеӣ машғуланд. Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат маҳз,тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст.

Китоб сарчашмаи дониш, сарчашмаи дарёи ақл, сарчашмаи илму маърифат ва сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳост. Аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар наврасон дар китобхонаи мазкур китобҳои гуногуни бадеӣ-ро мутолеа намуда, ба худ ғизоӣ маънавӣ гирифтанд.

Дар доираи эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” ҳафтае як бор аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” маҳфили китобхонӣ гузаронида мешавад.