ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ

А.Ҷомӣ: Созандагони ватан  

Дар асоси ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва дастуру супоришҳои раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, ҷиҳати тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист ва  сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дар ташкилоти ибтидоии «Р.Сотсиализм»-и  Ҷамоати деҳоти “Калинин” бо ҷалби зиёди аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбӣ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрони ҳизбӣ шанбегӣ дастаҷамъона баргузор гардид.

 

 

Ёдовар мешавем, ки чунин иқдомҳои тозгӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ,хуррамгардонии ноҳия ва сазовор таҷлил намудани Ҷашнҳои муҳими давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб,корхонаҳо,муассиса,кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,вакилон ва сокинони ноҳия мунтазам  доир карда мешавад.