КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТИ НОҲИЯ

А.Ҷомӣ: Созандагони ватан  

Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тозаю озодона нигоҳ доштани муҳити зист ва  сабзу хуррамгардонии гирду атроф, дар ташкилоти ибтидоии “Якуми май” аз ҷониби аъзоёни  фаъоли ҳизбӣ шанбегӣ баргузор гардид. Ҳашарчиён муҳити атрофро аз партовҳо тозаву озода намуда,ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ саҳми худро гузоштанд. Мавриди зикр аст, ки чунин иқдомҳои тозагӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонии ноҳия ва сазовор таҷлил намудани Ҷашнҳои муҳими давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб, корхонаҳо, муассиса, кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мунтазам доир карда мешавад.