ОБОДОНИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

А.Ҷомӣ: Созандагони ватан  
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ҳудуди деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти “Ифтихор” бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба ҳашари умуминоҳиявӣ баромаданд.
Ҳашарчиён дар шафати роҳи мошингузар ба корҳои тозакунию тамизкорӣ машғул гашта, муҳити атрофро аз партовҳо, сангҳои нолозим, тозаву озода намуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ саҳми худро гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин иқдомҳои тозгӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонии ноҳия ва сазовор таҷлил намудани Ҷашнҳои муҳими давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб, корхонаҳо, муассиса, кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони ноҳия мунтазам доир карда мешавад.