МУЛОҚОТ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИТТИФОҚ

А.Ҷомӣ:  
Санаи 31-майи соли 2023 бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот бо раисони маҳалаҳои Ҷамоати деҳоти Иттифоқ доир гардид.
Мулоқоти мазкур тибқи нақшаи баргузории вохӯриҳо ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳии оид ба, риоя намудани тартиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон" Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ гуфта шуданд.
Инчунин Самадзода Саёҳат, муовини раиси Кумиҷроиявӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия зимни суханрониҳояш оид ба тарбияи комили насли наврас, сафарбар намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ, пешгирии бемориҳои сирояти ва авҷи нави коронавирус, тақвият бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, зиёд намудани сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳисоби раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, суханрони намуданд.
Дар охир иштирокдорони мулоқот фикри андешаҳои худро иброз намуданд.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ