НАФАҚАИ ИҶТИМОӢ

А.Ҷомӣ:  
Маъюбону барҷомондагон ва шахсони яккаву танҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат, хусусан Пешвои миллат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба дастгирии нафарони дорои имконияташон маҳдуд, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳармоҳ ба се нафар маъюбон нафақаи ҳизбӣ таъмин менамояд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кўмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқарар карда шудааст.
Дар доираи ин иқдом Назокат Қосимова - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дидорбинии як нафар маъюби гурӯҳи 1-уми сокинони Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ Солиева Гулрӯ рафта, нафақаи ҳизбии моҳи майи соли равонро дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд.
Зимни аёдат маъюбон, аз амалҳои хайр ва ғамхории Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.
Суратгузориш аз ҷараёни дастрас намудани нафақаи ҳизбӣ:
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ