ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНИДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Ҷайҳун:  

Дар доираи дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ баҳри баргузор намудани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба ҳар як сокини ноҳия дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз байн бурдани бегонапарастӣ, ҷалби ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ", ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат зимни вохурӣ бо фаъолони ва намояндагони ходимони дини кишвар маншаъ мегирад, имрӯзҳо дар ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки гурӯҳи корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бо усули "Хона ба хона” баргузор гардида истодааст.

Имрӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо бошандагони ҳудуди маҳаллаи Вахши Ҷамоати деҳоти Панҷ баргузор гардида, тамоми масъалаҳои дар боло зикргардида ба ҳар як узви оилаи маҳаллаи мазкур расонида шуд.

Ҳамзамон дар рафти суҳбат аз тарзи будубоши сокинон, ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва тозагии атроф дидан намуда, баҳри бозҳам беҳтар намудани шароити зист ва анҷом додани корҳои созандагию ободони ба сокинон дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.