ХОНИШҲОИ СИЁСӢ БО ТОЛИБИЛМОН

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ҷавону наврас, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстию хештаншиносӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун пайваста бо хонандагон ва аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия вохӯрию хониши сиёсӣ баргузор менамоянд.

Имрӯз чунин вохӯрӣ дар муассисаи таълимии №4-и Ҷамоати деҳоти Панҷ баргузор гардида, вобаста ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълимӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, бо ҳозирин ибрози афкор гардид.

Махсусан дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ёдовар гардида, баҳри амалӣ гардидани он моро мебояд тамоми қувваю тавоноии хешро сафарбар намоем.