ВУСЪАТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Ҷайҳун:  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, огаҳӣ аз вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил намуда пайваста миёни сокинон мулоқоту вохуриҳо бо усули “Хона ба хона” гузаронида мешавад.

Дар ин росто санаи 18-уми апрели соли 2024 тибқи нақша масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар деҳаи Сомонии Ҷамоати деҳоти Панҷ корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “Хона ба хона” идома бахшида, оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, даъват ба корҳои созандагӣ, риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ибрози андеша намуданд.