ИНТИХОБИ РАИСИ ТИ "ЛКТ"

Ҳамадонӣ:  

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Литсейи касби-техникӣ"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сайдалиев Гадоӣ иштирок намуд.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, ҳисоботи Қурбонов Хуршед раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Литсейи касби-техникӣ" шунида шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома номзадии Қурбонов Хуршед ба раисии ташкилоти ибтидоӣ пешниҳод гардида, бо тарафдории аъзоёни ҳизб, аз нав раиси ташкилоти ибтидоии "Литсейи касби-техникӣ" интихоб гардид.

Дигар масъалаҳои рӯзнома низ баррасӣ гардида, вобаста ба ин қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охири маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ Сайдалиев Гадоӣ корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, вусъати кишти такрорӣ барои ҳарчӣ бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона дар амалишавии Оиннома ва Барномаҳои ҳизб суҳбат намуд.