ЁДАШОН ГИРОМӢ БОД! Қувват Давлат 26 апрели соли 1952 дар деҳаи Табушни ноҳияи Кӯҳистони Масчо дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Ҳамадонӣ:  

Пас аз хатми мактаб ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ соли 1973 ба Донишгоҳи омӯзгории пойтахт, факултаи суханшиносии тоҷик дохил шуда, соли 1977 онро хатм кард.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамон сол ба сифати хабарнигор дар рӯзномаи ҷумҳуриявии "Маориф ва маданият" оғоз намуд.

Бо гузашти вақт ӯро хабарнигори махсуси "Газетаи муаллимон" дар вилояти Суғд таъин шуд, ки то охири умр дар ин ҷо ифои вазифа намуд.

Ибтидои солҳои 90-ум шодравон рӯзномаи"Гулбонг"-ро таъсис дод.

ОСОРИ ШОИР

Маҷмӯаи ашъори Қувват Давлат бо номҳои: "Пайрави дил" (соли1978); "Боли самандар"(соли1988); "Шаҳри ишқ"(соли 2002) ва Куллиёти шоир бо номи "Ҷароҳати шафақ" соли 2012 бо ибтикори ҳамқаламон, дӯстон ва ҳамдиёрон бахшида ба 60 солагии шоир ба ихлосмандону ҳаводорони шеъри баланд тақдим гардид.

Соли 2005 ашъори Қувват Давлат сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Қутбӣ Киром гаштааст.

Қувват Давлат узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1989 мебошад.

Бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуда буд.

Эҷодиёти шодравон дар мавридаш аз ҷониби суханшиносон ва мунаққидон аз ҷумлаи Абдунабӣ Сатторзода, Юсуф Акбаров ва Абдуманнон Насриддинов баҳои баланд гирифта, ҳамчун адиби тозагӯ ва рангинхаёл эътироф гардидааст.

11 апрели соли 2004 пас аз бемории вазнин вафот намуд.

Оромгоҳи шоир дар мазористони деҳааш, дар минтақаи сеюми Масчои Нав мавҷуд аст ва дар лавҳи мазораш мисраъҳои зерини ӯ ҳаккокӣ шудаанд:

Ин ҷаҳони гузарон аз мо нест,

Вақт эй ҳамсафарон аз мо нест,

Омаданро ҳама рафтан зи пай аст,

Ғами тан чист,ки ҷон аз мо нест.