ЧОРАБИНИҲОИ ТАЪЛИМӢ, БАХШИДА БА РӮЗИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ҚАҲРАМОН"

Ҳамадонӣ:  

 Бо мақсади омӯзиши ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба мудофиаи гражданӣ санаи 26 апрели соли ҷорӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳия, ки сарварии онро Ҳайдарова Шаҳло бар дӯш доранд чорабинии тантанавӣ бахшида юа Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар муассисаи таълимии болозикр гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ношия иштирок доштанд. Чорабинии мазкур бо мақсади эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ҳангоми сар задани онҳо баргузор карда шуд.  Дар ин рӯз дар Коллеҷ дарсҳои кушод доир ба мавзӯъҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми рух додан, усулҳои муҳофизати ҳайъат ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ташкил карда шуданд.Тибқи сенария чорабинии таълимӣ бо садо додани бонги хатар донишҷӯён ва омӯзгорон ба ҷойҳои бехавфи саҳни муассиса баромаданд.

        Гурӯҳҳои наҷот тибқи дастурамал чорабиниҳои лозима, аз ҷумла хабардорсозӣ, наҷот додани зарардидагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон, хомӯш намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба вуқӯъ омадаро ба анҷом расониданд.

Дар рафти тамринҳо гурӯҳҳои ёрирасон аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ба хубӣ баромаданд. 

Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва таблиғот