Хурофотгароиву тақдирпарастӣ

Фархор: Вокуниш  

 Хурофотзудоӣ ва такмили фарҳанги ҷомеа дар кишварҳое, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандонаш хурофотӣ ва хирадситезона аст, амре муҳим ва бунёдӣ дар ростои ҷомеасозист. Ин гуна давлатҳо ниёз ба ислоҳоти густурдае доранд, ки он бояд тамоми абъоди ҷомеаро фаро бигирад ва алалхусус, ҷаҳонбинии ирратсионаливу тафаккури эътиқодмеҳвар ва тақдирбовари шаҳрвандонро бо воқеияти кори ҷаҳон созгор намояд, зеро “шарти нахустини мавҷудият ва пойдориву мондагории давлат вижагиҳои сифатии шаҳрвандони он аст” (Аристотель, Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010, С.470).Ҳар як фарҳанг бар мабнои низоми муайяни арзишҳо ташаккул ёфтааст. Қисматҳои таркибии низоми арзишҳое, ки як фарҳангро бунёд гузоштаанд, дар фазои зеҳнии ҳомилони фарҳанг, ба таъбири ҳандасӣ, дар як ҳамворӣ қарор надоранд, балки нисбат ба ҳамдигар дар сатҳҳои мутафовит ҷойгиранд. Метавон гуфт, ки ин низом аҳромшакл ё ба таъбири дигар иерархалӣ аст. Аз ин рӯ, баҳси тақаддуму тааххури арзишҳо масъалаест, ки онро наметавон нодида гирифт. Он арзишҳое, ки дар низоми иерархалии арзишҳо дар қуллаи аҳром ҷойгиранд, ориентатсияи ҳомилони фарҳангро инъикос мекунанд ва ба нуқтаи тамаркузе табдил меёбанд, ки хатти машйи ҷомеа ба ҷониби он нигаронида шудааст. Ин арзишҳо дар аҳроми мазкур мавқеи меҳварӣ ва таъйинкунанда доранд. Гузашта аз ин дар ҷомеаҳое, ки дидгоҳи аксари афроди он ортодоксалӣ аст, арзишҳои мазкур на фақат меҳвариву таъйинкунандаанд, балки ба курсии тақаддус низ шинонда шудаанд. Аз ин рӯ, касоне, ки аз бистари чунин фарҳанг сар боло мекунанд, табиист, ки ҳамчун продуксияи ҷомеаи худ ҳама гуна падидаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва амалкарди афродро дар қазоват ба арзишҳои меҳварии мавҳуми хеш баҳо медиҳанд. Меъёри шинохти “хуб”-у “зишт” ва “бояд”-у “набояд”-и  онҳо низ маҳз ҳамин арзишҳо хоҳанд буд. Масалан, як фарде, ки дидгоҳи мазҳабиву тафаккури эътиқодмеҳвар дорад ва арзишҳои мазҳабиро дар авлавият мегузорад, табиист, ки дар мавриди мавқеъгирии шахсӣ ва ё баҳо додан ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ҳамчунин қазовати аъмоли атрофиён огоҳонаву ноогоҳона бо назардошти манофеи мазҳабӣ тасмим хоҳад гирифт, аммо шахсе, ки ҷаҳонбинии илмиву ҳувийяти миллӣ ва тафаккури давлатӣ дорад, ҳатман манофеи милливу давлатиро маҳаки қазовати худ қарор хоҳад дод ва аз ин равзана ба манзараи ҷаҳон ва падидаҳои он назар хоҳад кард.

  Чунонки ишора шуд, арзишҳо ҳамчун компонентҳои муҳими таркиби ҳувийяти иҷтимоӣ (масалан, ҳувийяти миллӣ, маҳаллӣ, мазҳабӣ ва ғ.)  нуқтаҳои тамаркузе мебошанд, ки ориентатсияву хатти машйи ҷомеа ба самти онҳо нигаронида шудааст.  Нуктаи ҷолибе, ки онро илми аксиология (арзишшиносӣ) тасдиқ мекунад, ин аст, ки аксар маврид ҳаводорони арзишҳо, ки мудом таҳти таъсири ҷозибаи арзишҳои худ қарор доранд, эҳсосмадорона ва ҳатто нохудогоҳона ба масири ғояҳое савқ дода мешаванд, ки ин арзишҳо онҳоро ба вуҷуд овардаанд. Ба таъбири дигар, онҳо ба сарбозони ихтиёрии ҷабҳаи арзишҳои худ табдил меёбанд. 

  Аз нигоҳи олими амрикоӣ Харрисон, фарҳанг маҷмӯи арзишҳо ва ба қавле, иерархияи арзишҳоест, ки рафтори шахсро муайян мекунад. Амалҳои ҳаррӯзаи мо, муносибати мо дар оилаву ҷамъият ва дар маҷмӯъ, тамоми кори моро аслан он арзишҳое муайян менамоянд, ки онҳоро нисбат ба арзишҳои дигар дар авлавият гузоштаем.

  “Миллатҳо ва қавмиятҳо бо фарҳангашон аз якдигар мутамоиз мешаванд ва ҳувийяташон дар фарҳангашон нуҳуфтааст” (Ҳасан Малик, Фарҳанг ҳастаи муқовимат дар баробари таҳоҷуми бегонагон аст. http//http. Kavehroom. Com/-C.145). Фарҳанги миллат василаи ифода ва таҷассуми андешаву шуури ҷамъиятӣ, инъикоси сатҳи рушди фикрӣ ва ориентатсияи миллӣ низ мебошад. Аз фарҳанги миллат дар тӯли замонҳои муайян метавон пай бурд, ки дар ин ё он марҳилаи таърихӣ нерӯҳои зеҳнии ҷомеа ба кадом самтҳо тамоил доштанд ва ориентатсияи миллӣ ба кадом самт нигаронида шуда буд. Масалан, гироиши мардум ба тасаввуф ва пуркорбурд будани мафҳумҳои ирфонӣ дар осори хаттӣ ва шифоҳии халқи мо дар асрҳои XII-XIX бозтоби ба масоили абстрактиву метафизикӣ таваҷҷуҳи фавқулода ва бардавом доштани гузаштагони мо аст. Дар ин муддати тӯлонии таърихӣ нерӯҳои зеҳнии миллати мо аслан дарк ва шинохти воқеияту ҳақиқати олами ҳастиро  фақат аз тариқи басирату интуитсия имконпазир дониста, ағлабан корбурди усулу услубҳои хирадгароёнаву истидлолҷӯёна ва таҷрибиро қобили қабул намедонистанд ва ҳатто амале хато ва шаккокона меҳисобиданд. Аз ин буд, ки мо гӯё рӯ ба олами кубро ва ухро таваҷҷуҳе ба олами суғро ва дунё надоштем. Машғули кашфу шуҳуди руъёиву тахайюлӣ аз кашфи асрори табиӣ ва дунёи воқеие, ки дар он зиндагӣ мекардем, амдан ғафлат меварзидем. Аз ин рӯ, тафаккури мантиқиву улуми табиӣ дар ҷомеаи асримиёнагии мо бар хилофи Аврупо чандон рушд накард ва мо бо ин сабаб аз масири рушду пешрафти илмиву технологӣ берун афтодем.