ХУРОФОТ АЗ ЧАҲОЛАТ САРЧАШМА МЕГИРАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

       Зери ҳамин мафҳум дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи марказии ноҳияи Фархор мулоқон бо иштироки Муовини нариси ноҳияи Фархор Раҳматулозода Дилбар ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Вализода муҳаммад баргузор карда шуд.Муовини нариси ноҳияи Фархор Раҳматулозода Дилбар дар баромадашон иброз доштанд, ки дар марҳилае, ки ҷомеаи инсонӣ ба зинаи болотари рушди худ ворид мешавад ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ махсусан гурӯҳҳое, ки пайвандҳои хунию хешу таборӣ доранд, аз қабили қабилаю авлодҳо байни ҳам, ба хотири дарёфти сарватҳои табиӣ, ҷиҳати бароварда кардани ниёзҳои хеш вориди даргирӣ шудаанд ва гурӯҳе ғолиб омада, гурӯҳи дигаре мағлуб гардидаанд, ки он низ як омиле аз тарвиҷи назароти хурофотиву боварманд будааст. Яъне омили дигари ба вуҷуд омадани афкори хурофотӣ ва боварҳои хаёлӣ ин муборизоти табақотӣ ҷиҳати дастёбӣ ба манобеи табиӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳила нафароне, ки ғолибиятро ба даст овардаанд, бештар ҷиҳати нигоҳдошти нуфузи хеш бар зердастон, чунин бинишеро ривоҷ додаанд, ки сабаби ғолибияти онон як қувваҳои фарозаминианд, ки ба эшон ҷиҳати расидан ба ин муваффақият кумак намудаанд.Ҳамчунин, ки сардорону сарварони қабилаҳо аз худ як шахсияти хосаи дар иртибот ба қувваҳои фавқутабиӣ дуруст намудаанд, ки онҳо бояд мавриди ситоишу ниёиш қарор бигиранд. Чунин вазъ боиси тарвиҷи хурофа дар байни ҷомеаҳои табақотӣ гардидааст. Бо гузашти вақт ҳамин навъи бовар ба табақаи ҳоким ин боварро ба миён овардааст, ки онҳо мисли ҳама нестанд. Онҳо аз хосон ва баргузидагони қувваҳои фарозаминианд.  Дар таърихи башар метавон ба садҳо ва ҳатто беш аз он вазъиятҳое дучор омад, ки бархӯрдҳои иҷтимоӣ ва ҷангҳои зиёди байни қавму қабилаҳои гуногун ба хотири даъвоҳои бовару эътиқоди мо айни ҳақиқат аст, анҷом гирифтааст. Хушунатҳои зиёде ва ҷангу хунрезиҳо байни ақвоми гуногун ҷиҳати даъвоҳои айни ҳақиқат будан, хунрезиҳои зиёде ба амал пайвастааст. Қобили қайд аст, ки сиёсатҳо ва салтанатҳои зиёде дар тӯли таърих аз боварҳо ва донишҳои боварманди инсонӣ истифода намуда, ҷиҳати тавсеяи манофеи худашон ҷангҳо ва хунрезиҳоро ба миён овардаанд. Аз имон ва боварҳои мардумон истифода намуда, илова бар бовари онҳо афкори мутаассибонаю хушунатомезро ривоҷ дода, мардумони зиёдеро ба якдигар даргир намудаанд ва сабаби асосии кушторҳои дастаҷамъӣ гардидаанд. Барои ривоҷи чунин паёмадҳо аз усулҳои гуногун, махсусан аз таассуб ва даъвои ин ки мо ҳақем, кор гирифта шудааст. Яъне имон ва бовари мардумро ба хотири тавсиаи манфиатҳо ба як таассубу хушунати таҳаммулнопазир табдил додаанд, ки инсонҳо ба якдигар дарафтода якдигарро ҷисман аз байн бибаранд.Инчунин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор зимни суханрони Вализода Муҳаммад қайд карданд, ки дар ин кор сиёсатҳо ҳамеша ҳисобҳои худро доштаанд ва аз боварҳои мардум ба ҳайси як идеологияи ҷангу хушунат ҷиҳати тавсиаи манофеи худ истифода намуданд. Ҳамин тавр, гурӯҳҳои манфиатдор аз соддабоварии инсонҳо ва махсусан аз ноогоҳиву нодонии онон сӯистифода намуда, дар тӯли таърих ҳазорон ҷангу хунрезиҳои зиёд ба миён овардаанд ва ҳеҷ гоҳ манфиатдори он ҳам набудаанд, ки бояд инсонҳо огоҳона зиндагӣ намоянд ва аз асрори ҷаҳон он чунон, ки ҳаст иттилоъ дошта бошанд. Ҳамин аст, ки дастурот, амалкардҳо ва оинҳои хурофӣ реша давондаанд ва дар зеҳнияти мардумон боқӣ мондаанд. Метавон далелҳоеро зикр кард, ки инсонҳоро маҷбур месозанд ба хаёлпардозӣ гароянд. Ҳарчанд баъзе аз онҳо агарчи иддае аз унсурҳои воқеиятро эҳсос намоянд ҳам, вале хешро думболи тахаюлот ва бофтаҳои оромишписанд савқ медиҳанд. Агарчи огоҳӣ аз ҳақиқат барои ҳама инсонҳо арзиш ва аҳамияти зиёдеро дорост, бо вуҷуди ин ононе, ки аз чунин имтиёз баҳраманд мешаванд, хеле каманд. Баъзе аз инсонҳо қодир нестанд ба пажӯҳишҳои илмӣ вақти хешро сарф кунанд ё аслан намехоҳанд хешро заҳмат бидиҳанд, то аз ин пажуҳишҳо огоҳ ва бархӯрдор гарданд. Ҳамин аст, ки онҳо мехоҳанд ҷаҳони хаёлиро тарҷеҳ ба пажӯҳишҳои илмӣ бидиҳанд. Зеро ҷаҳони хаёлӣ инсонро як навъ метавонад оромиш бидиҳад ва аз ҷониби дигар барои зеҳнҳои содда қобили қабул ва ба тамоми суолҳо ҷавобҳои мутлақ пешниҳод мекунад.