БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №26

Фархор: Созандагони ватан  

 

        Дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор намуданд.  Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 оид ба қоноунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияии фарзанд” ва “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим”  хониши суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки дар ин росто ҷавонони кишвари мо бояд зиракии сиёсиро устувор намуда, дар доираи сиёсати дурбинонаву сулҳҷуёнаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои моддию маънави ва ахлокии Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати милли ва идеологиро устувор намуда, фарҳанги милли ва арзишҳои милливу манфиатҳои давдатро ҳифз намоем.Хонандагон низ бо шукргузори аз Истиқлолияти Ватан, ваҳдати милли ва амнияту осудагии сартосари суханронӣ намуда, шеърҳо қироат карданд.