ПЕШГИРИИ ХУРОФОТ ВА БЕГОНАПАРАСТӢВУ ИФРОТГАРОӢ

Фархор: Вокуниш  

 

 

Таҳдиди рўзафзуни экстрезими байналмилалӣ ва гароиши  ҷавонон ба гурўҳҳои ирфотгаро ҳар фарди ҷомеаро водор месозад, ки дар ин масъала бепарво набошад. Тероризми байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун хатари асосии арзишҳои инсонӣ ва амнияти умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст. Тероризм ва экстремизм дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон дар зери ниқоби арзишҳои динии бебунёд паҳн шуда истодааст, ки ин хатари калони иҷтимоӣ дорад ва ба амнияти кишаварҳои гуногун бевосита таҳдид карда истодааст.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ кишвари мо низ истисно нест. Тероризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмоннӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, Гасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Тероризм ва ирфотгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Экстеримизм аз калимаи фаронсавии *extremist* ва лотинии *extemus* гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона аз ҳад гузаштанро дорад. Экстеремист касест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

          Экстремизм аз рўи мазмун динӣ ва дунявӣ аз рўи зуҳурот ҳудуди минтақавӣ ва байналмиллалӣ шуда метавонад. Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решадор буда, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягонтмиллатро эътироф намекунад. Ифротгароии дунявӣ намудҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад. Ифротгароёни динӣ бошанд дар доираи ҳамаи динҳо (ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғайра) мавҷуд аст. Вусъати экстремизм дар ояндаи фаъолият ба терроризм оварда мерасонад. Калимаи редикализм лотинӣ *radix* гирифта шуда маънои *реша*- ро дорад. Радикализм ҳамчун истилоҳ маҷмўи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху сарнагун кардани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад.          Радикалҳо дигаргунҳои фаврӣ ва қатъи ворид нашуданро, ҳатто бо роҳи зўрӣ дуруст мешуморанд. Асосан ақидаҳои радикалӣ дар давлатҳое пайдо мешаванд, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд. Онҳо ҳама вақт бо сохти сиёсии мавҷуда дар мубориза буда, саъю кўшиш менамоянд, ки авҷеро дар дохили ҷомеъа ноором сосанд. Онҳо мақсадҳои худро бо роҳҳои расонидани иттилооти иғвоангезанда, ташкили бесарусомониҳо, тавқвият додани бўиҷтимои бо роҳи ба амал овардани норозигии мардум, фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ ва пешниҳод кардани фикру андешаҳои * нав* ва ғайра.

Имрўзҳо ташкилоту ҳизбҳои сиёсие ҳастанд, ки кўшиш мекунанд мақсаду мааром. Ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо рафтору кирдори вайронкоронаи худ амалӣ намоянд. Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақт ба ҷиноят табдил меёбад, ки дар он усули нашшавӣ ба мақсад, роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ бо роҳи зўрӣ ё усулитеррор интихоб карда шавад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ва ҷомеа ба миён меояд, сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар дин ба вуҷуд меояд ифротгароии динӣ номида мешавад. Яке  аз хусусусияти ифротгароии динӣ муосир дар он аст, ки аксари кули пайравонаш саводи мукаммали динӣ надоранд.  

          Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ аз имоммусолеҳ буда, аз асли таъминоти исломӣ, аз ҷамбаъҳои маънавию рўҳонӣ ва аз фалсавию илмҳои сиёсӣ умуман баҳраманд нестанд. Онҳо аз арзишҳои хуби инсонӣ таҳаммул, некиву накукорӣ, тақвою парҳез, раҳму шавқат, озодиву озодагӣ, илму маърифат, фарҳангу маънавият, созандагию ободонӣ ва ғайра, ки ҷавҳари таъминоти исломиро ташкил мекунанд, дурр мебошанд, дур мебошанд, рўҳия ва амали онҳо бештар ба ҳолати хушунату иғогароӣ, ваҳшоният наздик аст, ҳамаи ин хусусиятҳои ба ифротгароёни ҳозира хос мебошад, ва бо ҳар роҳ ба мақсаду мароми зишти худ пеш шудан мехоҳанд. Тероризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асври бисуяк табдил ёфтааст.

          Таҳлили вазъияти кишварҳои доғиҷаҳон ва минтақа нишон медиҳад, ки бетарафӣ ва дар кори мубориза бар зиддӣ ифротгароӣ ва шаклҳои гуногуни зуҳури он аз қабили зўроварӣ, тундгароӣ ва даҳшаткашӣ хилофи арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ифротгароӣ минтақаҳои беш аз пеши ҷаҳони муосирро фаро мегирад ва тарзу усули ғоявӣ ва амалии воқеъпазирии он чи аз ҷиҳати идеологӣ ҳарбӣ мутҳиштарин ва хатарноктар мегардад. Ҳадафҳои қатлу куштори онҳо на фақат сарбозон ва корман6дони давлатӣ, балки пеш аз ҳама, занону кўдакон ва намояндагони дину маҳзабҳои ғайр қарор гирифтанд. Террористон ва ифротгароён манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва иғвоангезанда на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд шуда истодааст. 

Қардова Рухшона  - узви ҲХДТ