Маҳмадсаидзода Шаҳноза Маҳмадсаид – Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ. Аъзои Раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Маҳмадсаидзода Шаҳноза Маҳмадсаид, аз моҳи феврали соли 2021 дар мансаби Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад.

18-январи соли 1986 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик. 

Маълумоташ олӣ, соли 2009 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айниро бо ихтисоси забони англисӣ хатм кардааст. Соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардида, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Собиқаи корӣ:   Солҳои 2003-2007 Барномасози компютерӣ дар ширкати "Содот-Транс тур"-и шаҳри Душанбе кор кардааст.  Солҳои 2007-2009 омӯзгори забони англисӣ дар гимназияи давлатии №-1-и ноҳияи Дӯстӣ, 2009-2011 омӯзгори фанни забони англисӣ дар МТМУ №5-и шаҳри Норак кор кардааст. Соли 2012 Мудири кӯдакистони №5-и шаҳри Норак, 2012-2013 Сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон фаъолият кардааст.  Солҳои 2013-2014 сармурабии кӯдакистони №-77-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, солҳои 2013-2015 Мудири бахши маорифи шаҳри Левакнт, Солҳои 2015-2021 Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш кор кардааст.

Аз феврали соли 2021 то инҷониб Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ фаъолият дорад.

Оиладор соҳиби 3-фарзанд мебошад.