ДАСТОВАРДИ ХОНАНДАГОНУ АЪЗОЁНИ ТҶҶ "СОЗАНДАГОНИ ВАТАН" ДАР ҲАФТАИ КИТОБ

Дӯстӣ:  

Ҳамон тавре иттилоъ дода будем аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Дӯстӣ, Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" баргузор гардида буд, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ ва аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" фаъолона иштирок намуданд.

Инак баъди ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон"  як қатор хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни "ТҶҶ Созандагони Ватан" дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, ки иштироки фаъол доштанд аз номи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин  роҳбари китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Дӯстӣ, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳанг" Кабиров Шарифҷон низ, барои дар мусоидат, ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивали мазкур бо дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.