БАРГУЗОРИИ СӮҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОН БО УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА

Дӯстӣ:  

Сӯҳбату вохӯриҳо вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" тибқи нақша-чорабиниҳои якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия  вохӯрии гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинон, падару модарон ва омӯзгорону устодон  баргузор гардида истодааст.

Вохӯрии навбатӣ бо сокинони деҳаи А.Ҷомии Ҷамоати деҳоти Г. Гулмуродов бо иштироки муовини раиси  ноҳия  дар самти соҳаи иҷтимоӣ Шарифзода Зебонисо,  котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии"Маорифчиён" Маҳмадназарова Зубайда, мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Паёми Дӯстӣ", ва дигар аъзоён баргузор карда шуд.
 Дар вохӯриҳо муовини раиси ноҳия ҷиҳати эълон гардидани соли 2024  "Соли маърифати ҳуқуқӣ" маълумот дода, дар мавриди расонидан ба самъи падару модарон ҷиҳати омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ ва ғайра ибрози андеша намуд.

Котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" Маҳмадназарова Зубайда, оид ба ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини фарзандон ба китобу лавозимоти мактабӣ, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо ва эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуд.
Инчунин дигар аъзоёни гурӯҳ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои фаннию ҳунармандӣ, варзишӣ, оид ба ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини фарзандон ба китобу лавозимоти мактаби, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуд.
Чунин вохӯриҳо дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардида истодааст.