Маллазода Сайдулло Ҳасан – Сартабиби ноҳияи Дӯстӣ, Аъзои Раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ

Маллазода Сайдулло Ҳасан, аз моҳи августи соли 2019 дар вазифаи сартабиби ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад. 

5-августи соли 1965 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шудааст. Соли 1982 МТМУ №-33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро хатм хатм кардааст.

Миллаташ тоҷик.

Маълумоташ Олӣ, соли 1990 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҷарроҳ хатм кардааст.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти корӣ:  Солҳои 1990-1993 дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба ҳайси табиб ортопед кор кардааст.  Аз соли 1993 то 1998 мудири шуъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ кор кардааст.  Солҳои 1998-2000 дар вазифаи табиби ҷарроҳ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷ,Балхӣ кор кардааст.  Аз соли 2000 то соли 2014 Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ кор кардааст.  Солҳои 2014-2019 Сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи августи соли 2019 то инҷониб Сартабиби бемрхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад.

Оиладор соҳиби 5-фарзанд.