Шарифзода Зебо Ҷума – Муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ. Аъзои Раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ.

Шарифзода Зебо Ҷума аз 17-марти соли 2017 дар мансаби Муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад.

26-уми апрели соли 1966 дар деҳаи Чихоҳи ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. 

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Фаъолияти корӣ:  Солҳои 1988-1989 Мухбири рӯзномаи "Ҳақиқати Ҷиликул"-и ноҳияи Дӯстӣ.  аз соли 1989 то 1991 инструктори шуъбаи ташкилии Комитети комсомолии ноҳияи Дӯстӣ.  Солҳои 1991-1992 рӯзноманигори рӯзномаи "Ҳақиқати Ҷиликул"-и ноҳияи Дӯстӣ. солҳои 1992-1993 омӯзгори МТМУ №-1 ноҳияи Дӯстӣ.  Солҳои 1993-1998 Мудири шуъбаи рӯзномаи "Ҳақиқати Ҷиликул"-и ноҳияи Дӯстӣ. Солҳои 1998-2005 омӯзгори МТМУ №-1 ноҳияи Дӯстӣ. Аз солҳои 2005-2007 Директори гимназияи давлатии №-1 ноҳияи Дӯстӣ.  Солҳои 2007-2014 Раиси Ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ.  Солҳои 2014-2017 Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Дӯстӣ.

Аз 17-марти соли 2017 то ҳоло Муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад.