Зоҳирзода Саймухтор Умед – Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ. Аъзои Раёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Зоҳирзода Саймухтор Умед, 20 октябри соли 1987 дар деҳаи ба номи Асроҷ Раҷаб, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, ноҳияи Дӯстӣ таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик.

Соли 1994 дар МТМУ №-3 ноҳияи Дӯстӣ ба синфи як қабул гардида соли 2004 синфи 10-11-ро дар литсейи №-55-и шаҳри Душанбе хатм намудааст.

Маълумоташ олӣ, соли 2009 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти аграрӣ ва соли 2012, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ хатм намудааст. 

Дар соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ аз ҷумла солҳои 2009-2011, мутахассиси шуъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ, 2011-2015 муовини Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, 2015-2018 муовини раиси Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, 2019-2021 Сардори шуъбаи омори ноҳияи Дӯстӣ ва аз моҳи майи соли 2022 Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 6.11.2009.

Бо сипосномаи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ қадрдонӣ гардидааст.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.