Ибодуллозода Асадулло Ибодулло – Муовини якуми Раиси ноҳияи Дӯстӣ. Аъзои Раёсати ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ.

Ибодуллозода Асадулло Ибодулло аз 11,01,2021 дар мансаби Муовини якуми раиси ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад.

17-уми январи соли 1970 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Маълумоташ олӣ, соли 1987 Техникуми шаҳри Душанберо хатм кардааст. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусравро бо ихтисоси ҳуқушинос-омӯзгорӣ ва соли 2020 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси заминсоз хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ:  Солҳои 1988-1990 дар сафи қувваҳои мусаллаҳ дар қисми махфии округи шаҳри Москва собиқ Иттиҳоди шӯравӣ хизмат кардааст.

Аз соли 1993 то 1995, бригадири ҷангали Сари Хосори ноҳияи Балҷувон кор кардааст.  Солҳои 1995-1999 корманди техникии ҷангали Сари Хосор, солҳои 1999-2004 муҳандиси заминсозии Ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон фаъолият кардааст.   Аз соли 2005 то соли 2008 роҳбари хоҷагии "Ориён"-и ноҳияи Дӯстӣ кор кардааст.   Солҳои 2008-2018 Директори корхонаи давлатии фаръии Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 2018-2019 Директори КДФ БММҒ-и ноҳияи Носири Хусрав кору фаъолият кардааст. Аз соли 2019 то 2020 роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Дӯстӣ кор кардааст.

Аз 11-январи соли 2021 то ҳол дар мансаби Муовини якуми раиси ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад.

Оиладор соҳиби 5-фарзанд мебошад.