Қурбонов Абдулҳафиз Ҳамидович. – Аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ.

Қурбонов Абдулҳафиз Ҳамидович, аз 22,05,соли 2021 дар мансаби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад.

Қурбонов Абдулҳафиз 30-уми майи соли 1988 дар деҳаи Пахтаарали Ҷамоати деҳоти Узун, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик.

Маълумоташ олӣ, соли 2011 Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Н.Хусравро бо ихтисоси иқтисодчӣ-муҳосиб аудит хатм намудааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ мебошад.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 20,08,2010.

Бо сипосномаи Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ қадрдонӣ гардидааст.

Фаъолияти корӣ:  Аз соли 2007 то соли 2008 Ҳисобчӣ дар Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Дӯстӣ кор кардааст.  Солҳои 2008 -2010 нозири бозори файзбори ноҳияи Дӯстӣ, соли 2011 Сармутахассис оид ба корҳои дин ва танзими Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 2011-2014 мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД-и ноҳияи Дӯстӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2017-2021 Муовинии раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кор кардааст.    Аз 22,05,2021 то ҳоло  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ фаъолият мекунад.

Оиладор соҳиби 4-фарзанд мебошад.