Нишонзода Даврон Назаралӣ – Раиси ноҳияи Дӯстӣ. Аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ.

Нишонзода Даврон Назаралӣ:- Аз 17 ноябри соли 2021 дар мансаби раиси ноҳияи Дӯстӣ кор мекунад.

2-апрели соли 1985 дар деҳаи Лочин Нуров, Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов ноҳияи Шаҳритус таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик.

Соли 1991 дар МТМУ №-25 ноҳияи шаҳритус ба синфи 1 қабул гардида соли 2003 дар ҳамин мактаб синфи 11-ро хатм кардааст.

Маълумоташ олӣ, соли 2008 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм намудааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ мебошад.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 4,01,2012 мебошад.

Фаъолияти корӣ: Аз соли 2009 омӯзгори МТМУ №25-и ноҳияи Шаҳритус, солҳои 2009-2011 ҷонишини командири рота оид ба корҳои тарбиявии роттаи тирандозии қисми низомии №02214- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2012 иҷрокунандаи сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳритус, 2012-2013 Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳритус, 2014-2015 мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус, солҳои 2015-2018 Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳритус, 2018-2019 муовини якуми раиси ноҳияи Шаҳритус, солҳои 2019-2021 Раиси ноҳияи Носири Хусрав, аз 17 ноябри соли 2021 то ҳоло дар мансаби Раиси ноҳияи Дӯстӣ кор ва фаъолият мекунад.

Оиладор соҳиби 4-фарзанд.