ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИ ИМРӮЗА

Дӯстӣ: Вокуниш  

Ҷаҳони муосир, ки пур аз таҳаввулоту бархурдҳо буда, рақобати давлатҳои абарқудрат дар васеъ кардани доираи нуфузи худ дар ҷаҳон шиддат мегирад, падидаҳои экстремистию террористӣ дошта низ дар шаклу қолабҳои нави харобиовар зуҳур карда истодаанд.

Экстремизм ва терроризм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнмяти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст.
Нахуст ба шарҳи вожаи “Экстремизм” мепардозем. “Экстремизм” аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии “extremis” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремизм ин оғози ногузири терроризм аст.
Истилоҳи терроризм аз калимаи лотинии “terror” сарчашма гирифта маънояш “тарс ва ваҳм” аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд.
Боиси сарфарозию ифтихор аст, ки таҳти роҳнамоиву сарварӣ  ва сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун марҳалаи рушду инкишофи ҷабҳаҳои гуногуни мухталиф дар ватани азизамон ваҳдати миллӣ, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озодбунёдкориву созандагӣ муҳаё гардид.
Ҷиҳати пешгирии ин амалҳои номатлуб падидаҳои экстремистию террористӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум, рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, донишу малакаи ҳар як фарди ҷомеаи тоҷику Тоҷикистонӣ, роҳ надодан ба ришвахӯрӣ, даст назадан, ба корҳои коррупсионӣ мебошад, ки мафкураи ҳар як фард ба ин амалҳои номатлуб муқовимат менамояд.
 

      Мутахассиси омори
      КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ                                         Раҳмонов С. С.